Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки 27 сентябр таҷлил мегардад, озмуни «Discover Tajikistan»-ро эълон намуд.Тавре аз кумита хабар доданд, озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ баргузор мешавад. Ин озмун аз рӯи ҳафт номинатсия — «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин роҳбалад», «Беҳтарин блогер ва пешниҳоди навоварӣ дар асоси зеҳни сунъӣ», «Беҳтарин рӯзноманигори сайёҳӣ» ва «Беҳтарин ролики сайёҳӣ» баргузор мегардад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 октябри соли 2026 муқаррар гардидааст. Ғолибони озмун бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Кумитаи рушди сайёҳӣ муроҷиат намоянд.
