Омода кардани муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 яке аз нақшаҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ин нақшаро дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия амалӣ карда истодааст.
Зафар Ширинбекзода, мудири маорифи ноҳияи Рӯшон, қайд кард, ки то 10-уми сентябр омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 75 фоиз иҷро шудааст:
«Дар ноҳияи Рӯшон масъалаи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ то 10-уми сентябр 75 фоиз таъмин шудааст. Як қисмати муассисаҳои таълимии водии Бартанг боқӣ мондаанд. Дар он ҷо низ кашонидани ангишту ҳезум дар арафаи анҷомёбист. Албатта, то охири моҳи сентябр ҷамоатҳои водии Бартанг, яъне муассисаҳои таълимӣ, пурра бо ангишт ва ҳезум таъмин карда мешаванд».
Далер Ғуломиддинов, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, иброз дошт, ки муассисаи онҳо барои зимистонгузаронӣ омода буда, маводи сӯзишворӣ тибқи талабот захира карда шудааст:
«Муассисаи таълимии мо бо печҳои аловӣ гарм карда мешавад. Барои таъмини гармӣ дар давраи зимистон ба ҳисоби миёна дар як сол 17 тонна ангишт ва 15 метри мукааб ҳезум сарф мегардад. Дар доираи омодагӣ ба зимистон ҳолати печҳо, дудбароҳо, дару тирезаҳо ва дигар қисмҳои бино санҷида шуда, корҳои таъмирӣ ва бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда анҷом дода мешаванд.
Маводи сӯзишворӣ тибқи талабот захира карда шуда, масъалаи бехатарии истифодаи печҳои аловӣ низ зери назорати роҳбарияти муассиса қарор дорад. Мо бо масъулон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем».
Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон низ барои зимистонгузаронӣ омода буда, корҳои зарурӣ дар ин самт пурра анҷом дода шудаанд.
Ба гуфтаи директори ин мактаб-интернат Арабгул Маҳбатшозода, 99 фоизи маводи сӯзишворӣ ва 100 фоизи маҳсулоти хӯрокворӣ ба муассиса дастрас гардидааст:
«Муассисаи таълимӣ ба зимистонгузаронӣ пурра омода аст. Қариб 99 фоизи ангишт, 100 фоизи маҳсулоти хӯрокворӣ ва 100 фоизи ҳезум дастрас карда шудааст».
Дар маҷмӯъ, омодагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯшон ба мавсими тирамоҳу зимистон идома дошта, захираи маводи сӯзишворӣ барои таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия дар фасли сармо фароҳам оварда мешавад.
