ИМРӮЗ ДАР ЧАНД МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ ИНТИҚОЛИ БАРҚ МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ МЕШАВАД

Имрӯз, 17 сентябр, аз соати 10:00 то 17:00 интиқоли нерӯи барқ дар қисме аз кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе муваққатан қатъ карда мешавад.

Тавре аз Намояндагии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар Душанбе хабар доданд, маҳдудияти интиқоли барқ ба корҳои таъмирӣ ва тоза кардани шохаҳои дарахтон вобаста мебошад.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯчаҳои Н. Додихудоев, Пӯлод Толис, Гагарин, Гулсанг, Карамов, Достоевский, Тошканд, Бузургзода ва Фирдавсӣ, дар ноҳияи Сино кӯчаҳои Р. Набиев, А. Ҷомӣ ва маҳаллаҳои Конститутсия, Арбобхотун, Чортути боло ва поён, Роҳи нав ва дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаҳои Мушфиқӣ, С. Шерозӣ, Яккачинор, Назирбеков, Навбаҳор ва Гулпарвар ба рӯйхати минтақаҳои дорои маҳдудияти барқ шомил мебошанд.