Дар шаҳри Лондон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо масъулони баландпояи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ бо Директори бахши инфрасохтори устувори минтақаи АвруОсиёи БАТР Екатерина Мирошник масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва рақамикунонӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба рушди энергетика, аз ҷумла нақши НБО «Роғун», навсозии шабакаҳои барқӣ ва коҳиши талафоти неру таваҷҷуҳ карданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамчунин бо Ноиби Президент -сардори хадамоти хавфи БАТР Фатомата Буаре мулоқот карда, масъалаҳои идоракунии хавфҳо ва таъмини устувории молиявии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуд.
Дар Лондон ҳамчунин мизи мудаввар бо иштироки намояндагони бонкҳо ва ширкатҳои байналмилалии сармоягузорӣ баргузор шуд. Дар он имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва раванди сохтмони НБО «Роғун» муаррифӣ гардид.
Намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ барои боздид аз Тоҷикистон ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар даъват шуданд.
