19-20 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад.
Дар мусобиқа беҳтарин самбочиёни ҷаҳон дар се самт — самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён иштирок намуда, барои ба даст овардани медалҳо рақобат менамоянд.
Ин дуюмин сол аст, ки пойтахти Тоҷикистон мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мешавад. Соли 2025 мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он варзишгарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Русия, Беларус, Булғористон ва Маҷористон иштирок карда буданд. Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 9медал гардида буданд.
