Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ ҷарайён дорад.
Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон ва намояндагони аҳли фарҳанг иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адибро баррасӣ мекунанд.
Зимни конференсия таъкид гардид, ки Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми арзанда гузошта, бо осори таърихию бадеии худ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад.
Иштирокдорон инчунин масъалаҳои омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби мероси адабии нависандаро, бахусус дар байни ҷавонон, мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
