Душанбе мизбони ҷаласаҳои байналмилалии соҳаи алоқа ва рушди рақамӣ мегардад

Дар шаҳри Душанбе 29–30 сентябри соли 2026 ҷаласаҳои муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ ва Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи ИДМ баргузор мешаванд.

Ин маҷмӯи чорабиниҳои байналмилалӣ яке аз муҳимтарин нишастҳои минтақавӣ дар самти рушди алоқа, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бори аввал пас аз соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар кори ҳамоиш иштироки роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ ва директори Бюрои рушди алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои стратегии рушди зерсохтори муосири телекоммуникатсионӣ, суръатбахшии рақамикунонӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва устувории шабакаҳои алоқа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон, иштирокдорон самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ ва таҷрибаи кишварҳоро дар рушди ҷомеаи рақамӣ мубодила хоҳанд кард.

Тибқи барномаи пешакӣ, 29 сентябр нахуст чорабинии сатҳи баланд дар доираи Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ баргузор шуда, баъдан ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсозии ИДМ доир мегардад. Ҷаласаҳои асосии коршиносӣ ва техникии форум рӯзи 30 сентябр идома меёбанд.

Ин ҳамоишҳо инчунин ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, арзёбӣ гардида, барои ташаккули мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои минтақа оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонии алоқа ва рушди рақамӣ мусоидат хоҳанд кард.