Дар шаҳри Риёз — пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ раиси шаҳри Риёз Шоҳзода Файсал ибни Абдулазиз, намояндагони вазорату ниҳодҳои давлатии Арабистони Саудӣ, аъзои корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои расмию корӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими ин кишвар иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни суханронӣ истиқлолро бузургтарин дастоварди таърихии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, аз раванди созандагӣ ва рушди кишвар дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.
Ҳамчунин дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва нақши роҳбарияти олии ду кишвар дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд таъкид гардид.
Дар идомаи чорабинӣ филми ҳуҷҷатӣ оид ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ намоиш дода шуда, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон тавассути наворҳои видеоӣ ва маводи иттилоотӣ муаррифӣ гардид.
