85 соли умри “Атои саҳна”

“Атои саҳна” – таҳти ҳамин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдбуде ба ифтихори 85-солагии ҳунарпешаи дастони тоҷик, нобиғаи ҳама давру замонҳо дар ҳунар, чеҳнаи асили синамои миллӣ, бозигари нақшҳои марказӣ ҳам дар театр ва ҳам пардаи синамо, актёри нотакрор бо ифодаи чеҳраҳои мондагор – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон устод Ато Муҳаммадҷонов доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур аҳли санъату ҳунар, мухлисону муштоқони ҳунари волои ӯ ва аҳли хонаводаи марҳум ширкат доштанд. Аз шумули ҳунарпешаҳои театри ба номи Лоҳутӣ, маконе, ки устод ин нобиғаи камназир солиёни тавил ҳунар намидаву мухлисонашро шод кардааст, қариб ҳама ҳунарпешаҳо дар маҳфили имрӯзаи бидуни соҳибҷашн ширкат ва дар ҳаққи ҳампешаву дӯсту ҳамкори рафтаашон суханҳои неке гуфтанду қиссаҳои наҷибе карданд.

Минҷумла Манзура Улҷабоева тарроҳ ва рассоми кино, ки бо устод Ато Муҳаммадҷонов солҳои сол ҳамкорӣ дошт, ёд овард:

— Ато Муҳаммадҷонов дар шууру зеҳни ҷамъияти мо барои ҳамешагӣ нақш хоҳад баст, махсусан чеҳраи ӯ дар синамо ва тетатри тоҷик рамзи ҷовидонагист. Иҷрои нақши Бобоҷон Ғафуров бошад дар саҳнаи театри тоҷик аз ҷониби ӯ дар ёду хотири ҳамагон боқӣ мондааст. Ман бо Ато Муҳаммадҷонов дар 5 филм ҳамкорӣ кардаам ва филми “Асрори хонаводагӣ”, ки соли 1983 таҳия гардида буд, дар лавҳи дили ҳамагон чун шамъи хотироти ӯ бо абад рӯшан аст. Ӯ худашро ба синамои тоҷик бахшид ва тариқи ин бахшиданҳо хидмати бузургеро дар санъати миллӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни ёдбуд ёд оварда шуд, ки саҳми Ато Муҳаммадҷонов ба сифати ҳунарпешаи хушистеъдод ва хушсурату хушнамо беҳтарин чеҳраҳои милливу мондагорро офарида, дар ғанӣ гаштани репертуари театри тоҷик саҳми боризе ниҳодааст. Ҳамчунин дар идомаи ин маҳфил ҳамагонро ба тамошои гӯша Ато Муҳаммадҷонов, ки аз дафтари суратҳо, сарулибоси пӯшидаи ӯ дар синамо, нишону ҷоизаву медалҳо ва гӯшаи хотирот таркиб ёфтааст, даъват карданд.

Дар ин рӯзи барои аҳли ҳунари тоҷик хотирнишон, ки аз як устураи санъати тоҷик зикр мерафт, дар дидаи касе об ҳалқа зада буд ва касе бо меҳр ба акси ҷавониҳои ӯ деру дароз дида медӯхт. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ки бо марҳум Ато Муҳаммадҷонов дар саҳнаи тетари Лоҳутӣ нақшҳои бешумору хотирмон офаридааст, ёд овард:

— Ато Муҳаммадҷонов дар мактаби рақами 10 мехонд. Зафар Нозимов ва Маҳкам Ҳоҷиқулов низ ҳамин мактабро хатм кардаанд. Ин се нобиға идомаи умри хешро ба санъату сухани тоҷик бахшидаанд. Ман шодам, ки бо Ато Муҳаммадҷонов нақш офаридаам. Имрӯз ҳама онҳое, ки дар синамои тоҷик ва хориҷ ҳамроҳаш нақш офариданд, дар толор нишастанд. Ман фикр дорам, ки инсонро бояд бештар дар зинда буданаш қадр кард. Миннатдорам, ки имрӯз ҳунарпешаҳо эҳтиром мекунанд.

Ато Муҳаммадҷонов таърихи 2-юми сентябри соли 1940 дар Сталинобод – Душанбеи феълӣ дар хонаводаи хизматчии давлатӣ Мирзо Самоуддин дида ба дунё кушудааст. Падараш олими забардасти тоҷик ва хаттоти беназир буд, ҳатто осори устод Айниро аз хати арабӣ бо раҳо кардани баъзе хатоҳо хаттотӣ карда, ба дасти чоп медод. Модараш бошад як зани хонанишин буд. Атои хурдсол ҳамагӣ 7-сол дошт, ки қиблагоҳаш дори фаноро тарк гуфт. Соли 1957, ки Атои ҷавону навниҳоли боғи умр ҳамагӣ 17 сол дошт, аз зӯрии камбуди зиндагӣ ва дарёфти нони басерӣ, бо дили нодилон назди директори вақти Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, ки модари театрҳои тоҷик унвон дорад, Муҳаммадҷон Қосимов омаду арзу хоҳиши дилашро иқрор шуду исрор кард, ки ӯро бидуни ҳуҷҷати ҳунарпешагӣ ҳам бошад, ба кор қабул намоянд, чун истеъдоду ҳунари зотияш кофӣ буд, гузашта аз ин ҳама, Ато ба кори ба нақди музд муҳтоҷ буд. Муҳаммадҷон Қосимов зораву таваллои як ҷавони хушсурати хушахлоқи хушлаёқати чеҳратоҷикиро дида, ризоият доду варо минҳайси ҳунарпешаи театри академӣ ба кор пазируфт. Ҳамон сол, яъне соли 1957 дар назди бинои Тетари Лоҳутӣ филиали ин боргоҳи муқаддас кушода шуд. Ин ҷо ҳунарпешаҳои ҷавони фориғултаҳсили студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи театрии ба номи Ще́пкини шаҳри Москав омада буданд ва заминаи асосии ҳамин театрро ташкил намуданд. Ва соли 1959 Ато Муҳаммадҷонов дар яке аз намоишҳои тозатаҳияи ҳамин театр нақш офарид.

“Ливои оҳангар” соли 1961, “Марги судрӯх” соли 1964, “Ошкор шудан” соли 1968, “Духтари сеюм” соли 1970, “Ситорае дар тирашаб” соли 1972, “Асрори гузаргоҳи фаромӯшшуда” соли 1973, “Палнг зарур аст” соли 1974, “Кӣ касе набуд” иборат аз се қисм соли 1974, “Ташвишҳои хонаводагии Ғаюровҳо” соли 1975, “Достони Сиёвуш” иборат аз ду қисм соли 1976, “Ишқи нахустини Насриддин” соли 1977, “Хушбахтӣ наздик аст” соли 1978, “Субҳи нахустини ҷавонӣ” иборат аз се қисм соли 1979, “Алоқа” иборат аз ду қисм соли 1981, “Асрори хонаводагӣ” соли 1983, “Чашмаи гӯё” соли 1985, “Ҷӯра шикорчӣ аз Мин-Архан” иборат аз 6 қисм соли 1985, “Қатораи иловагӣ дар роҳи дуюм меояд” иборат аз ду қисм соли 1986, “Дарвеши ланг” соли 1986, “Нигоҳ” соли 1988, “Зиндагии соддаи бобои Амин” соли 1988, “Бегона” соли 1989, “Бухорои муқаддас” соли 1991, “Ҳеҷбудагон”, “Падари моҳтобӣ” соли 1999, “Дар ағба тир напаронед!” соли 1983, “Ҳафт арӯси рабудашуда” соли 1976, “Як ҳаёт кам аст” соли 1974. Дар Ӯзбекфилм “Амир Темури бузург” соли 1996, “Кодекси хомӯшӣ” истеҳсоли Ӯзбекистон ва Россия, “Ҷазира” нақши асосӣ ва “Ҷосус” истеҳсоли Тоҷикистон ва Қазоқистон соли 1992, “Бозии бегона” соли 1991, “Бухорои муқаддас” соли 1990, “Дидор ва ҷудоӣ” соли 1973, “Вохӯрӣ дар қуллаи барфи баланд” соли 1981, “Ҷавонии нобиға” соли 1983, “Дар танҳоӣ” соли 1983, “Гузориш аз варта” соли 1983, “Падруд, сабзаи тобистон” соли 1985 ва дигаронро метавон унвон бурд, ки истеъдоди волои Ато Муҳаммадҷонов ҳамвора пеши дидаи бинанда аз тариқи дурбини синамо падиддор аст, ки ин ҳама намунаи олии кинематографияи ҷаҳонӣ мебошанд.

Соли 2002 ба ифтихори таҷлили 2500 солагии шаҳри Истаравшан чорабинии муҳташаме таҳия гардида буд. Дар ин саҳнаи бузург нақши Куруши Кабирро мебоист Ато Муҳаммадҷонов офарад. Аснои тамринҳо аз тори асп ба поин уфтод. Хун ба майнаи сар зад. Вале, ӯ ҳамоно бар он буд, ки “мегузарад, мегузарад”. Вале дард на, Ато Муҳаммадҷонов гузашт, аз дори дунё даргузашт. Ва таърихи 9-уми сентябри соли 2002 ҷасади сарди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов ба синаи хок супурда шуд.

Ӯ аз миёни мо рафт, дар синаи мо монд. Ӯ аз миёни мо рафт, дар лавҳи хотираҳои мо бо нақшҳои ҷовидонааш ҷовидонӣ шуд. Ӯ аз миёни мо рафт, вале, аз миёни дӯстодорони ҳунар, алоқамандони синамо ҳаргиз нахоҳад рафт. Мо ӯро дар синамо меҷӯем, дар аксҳо мебинем, бо дидаҳо мепарастем. Ӯ Ато буд, Атои Худованд барои саҳна, Атои Худованд барои санъати тоҷик. Ёду корномаи ҳунарпешаи дастони ҳама давру замонҳо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаамадҷонов ба хайру равонаш шод бошад!

Таҳияи Лутфуллои Азиз