Қабати озон як пардаи муҳофизаткунандаи атмосфера мебошад, ки заминро аз шуоъҳои зарарноки ултрабунафш муҳофизат мекунад. Нобудшавии он метавонад боиси афзоиши бемориҳо, кам шудани ҳосили зироат ва тағйироти манфӣ дар экосистема шавад.
«Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон» ба хотири имзои Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон муқаррар карда шуда, аз соли 1995 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Тасдиқи илмии харобшавии қабати озон ҷомеаи байналмилалиро водор сохт, ки механизми ҳамкорӣ оид ба андешидани чораҳо барои ҳифзи қабати озонро эҷод намоянд. Ин тадбир дар Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон, ки 22 марти соли 1985 аз ҷониби 28 кишвари дунё қабул ва имзо гардидааст, роҳандозӣ шудааст. Фаъолиятҳои минбаъда боис гардид, ки моҳи сентябри соли 1987 лоиҳаи Протоколи Монреал оид ба моддаҳое, ки қабати озонро вайрон мекунанд, таҳия гардад. 16 сентябри соли 2009 Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал аввалин шартномаҳо дар таърихи СММ арзёбӣ шуданд, ки умумӣ тасдиқи худро ёфтанд.
Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид гузориши наверо дар бораи вазъи қабати озони Замин, нашр кард. Бино ба изҳороти иштирокчиёни нишасти солонаи Ҷамъияти метеорологии Амрико кӯшишҳои инсоният барои ҳифзи қабати озон натиҷа дода, интизор меравад, ки қабати озон то соли 2066 барқарор шавад.
Коршиносони СММ қайд мекунанд, ки барқарорсозии қабати озон метавонад таъсири тағйири иқлими ҷаҳониро коҳиш диҳад. Ҳамзамон, иштирокдорони нишаст таъкид намуданд, ки барқароршавии қабати озони замин ба коҳиши партоби моддаҳои кимиёвии зараровар ба ҳавои атмосфера вобастагӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1970-ум қабати озон нобуд шуданро оғоз кард ва дар соли 1985 олимон дар он сӯрохии бузургеро кашф карданд. Ҳамагӣ пас аз ду сол, Протоколи Монреал ба имзо расид — 46 кишвар ваъда доданд, ки партовҳои умумии моддаҳои кимиёвии ба қабати озон зарароварро коҳиш диҳанд. Баъдтар ин созишнома дар таърих аввалин созишномае гардид, ки аз ҷониби тамоми аъзои созмон ба тасвиб расид. Имрӯз 99% моддаҳое, ки ба қабати озон зарар мерасонанд, истифода намешаванд.