Барои наҷоти парандагону ҳайвонот дар сармо ва зарар нарасонидан ба аҳолӣ дар мамнӯъгоҳи “Зоркӯл” чора андешиданд

Бино ба иттилои муовини   сардори  мамнӯъгоҳи “Зоркӯл” Меҳроб  Қозибеков, чанд сол пеш намояндагони Созмони байналмилалии ҳифзи набототу ҳайвонот дар ин мамнӯъгоҳ  таҳқиқот анҷом дода, ду намуди паранда – яке кабки тибетӣ ва дигараш кабки  ҳимолойиро ба қайд гирифтанд. Ин кабкҳо ҳам аз ҷиҳати ҷусса ва ҳам ранг аз дигар намуди кабкҳо комилан фарқ дошта, ҳардуяшон ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” ворид карда шуданд.  Масъулин мегӯянд, ки барои нигоҳубини онҳо дар зимистон чораҳои заруриро андешидаанд.

Кабки ҳилоли ҳимолоӣ
Кабки ҳилоли тибетӣ

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин дар мамнӯъгоҳи “Зоркӯл” навъҳои дигари парандагону ҳайвоноти нодири парвариш меёбанд.  Ҳамасола дар остонаи фасли зимистон барои ҳайвоноту парандагони мамнӯъгоҳи “Зоркӯл”, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи ғизоӣ захира карда мешавад. Дар кӯҳҳои атрофи кӯли Зоркӯл ба ҷуз гӯсфанди  нодири Марко Поло ва Озодапаланг ҳамчунин намудҳои гуногуни парандагону ҷонварон сукунат доранд. Дар мавсими гармо ҳайвоноти ваҳшӣ дур аз чашми инсонҳо, бештар дар қуллаҳои дурдасти кӯҳ барои худ чарогоҳ интихоб мекунанд. Аммо пас аз он ки қуллаҳои кӯҳро барф мепӯшонад, ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо маҷбур мешаванд ба дашт ва ҳатто баъзан ба маҳаллаҳои аҳолинишин  фароянд. Ҳанӯз барфи зиёд наборидааст ва ҳайвонот барои худ гиёҳу алафҳои табиӣ пайдо мекунанд.

Меҳроб  Қозибеков, муовини   сардори  мамнӯъгоҳи “Зоркӯл”

Дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” муовини   сардори  мамнӯъгоҳи “Зоркӯл” Меҳроб  Қозибеков   иттилоъ дод, ки: «Соли равон бо мақсади дар фасли зимистон талаф наёфтани ҳайвоноту набототи нодир  бо дастгирии он хоҷагиҳое, ки ба таври расмӣ ба шикори гӯсфанди нодири Марко Поло машғуланд, даҳ тонна алаф, намак ва ғалладона ба кӯҳдоманҳо интиқол дода шуд».

Дар кӯҳистон корҳои биотехникӣ қабл аз барфрезиҳои шадид анҷом дода мешавад. Кормандони Мамнӯъгоҳ солҳо боз кӯч бастани  ҳайвонотро дар фасли зимистон мушоҳида мекунанд ва медонанд, ки ғизоро дар куҷо гузоранд, то ҳайвонот ҳарчӣ зудтар онро пайдо кунанд.  Дар ин  бора  муовини   сардори  мамнӯъгоҳи “Зоркӯл” Меҳроб  Қозибеков   аз ҷумла чунин гуфт: “Аз нуқтаи назари олимон ҳудуди Помири Шарқӣ аз сербориштарин макон ба ҳисоб меравад ва зимистон дар инҷо сарду тӯлонӣ мебошад, аз ин рӯ дар қисматҳои зиёди ин гӯшаи саёҳӣ мо  маводи хурока захира менамоем”.

Бинобар ин ҳифзи чунин парандагону ҷонварон яке аз вазифаҳои аслии маъмурияти Мамнӯъгоҳи «Зоркӯл» ба шумор меравад. Зоркӯл яке аз кӯлҳои зебои Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Мурғоб, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Нуралӣ Давлат, Сафармои Маҳмадфозил

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *