Палатаи саноат ва маодини Кобул мегуяд, ки бо коҳиши воридоти барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон, ҳудӯди 80 дарсади корхонаҳои саноатии Кобул таътил ва 15 ҳазор нафар низ бекор шудаанд.
Дар як моҳи гузашта шаҳрвандони Кобул дар шабонарӯз камтар аз шаш соъат барқ доранд. Ширкати миллии барқи Афғонистон эълом кардааст, ки ба далели мушкилоти техникӣ дар Ӯзбекистон ин кишвар мизони содироти барқ ба Афғонистонро аз 450 мегават ба 380 мегават коҳиш дода аст.
Ин идора афзудааст, ки акнун 207 мегават барқи воридотӣ ба Кобул мерасад ва тавлиди дохилӣ низ дар ҳудуди 206 мегават, эълом шуда аст. Бар асоси баррасии анҷомшуда, Кобул ба 550 мегават барқ ниёз дорад, аммо барқи мавҷуд дар ин шаҳр танҳо 265 мегават аст.
Бояд гуфт, ки имсол бо хуруҷи коронавирус хеле аз корхонаҳо дар Афғонистон ба далели ҷорӣ кардани карантин аз кор монда ба тозагӣ дубора ба фаъолият оғоз карданд, ки дубора бо қатъи барқ аз кор афтоданд. Дар чаҳор парки саноатии Кобул беш аз як ҳазору панҷсад корхонаи хурду бузург вуҷуд дорад.
Ширкати барқи Афғонистон ҳудуди ду сол пеш гуфта буд, ки бо воридоти барқи тоза аз Туркманистон бо зарфияти боло ва фаъол шудани неругоҳи офтобӣ дар наздикии неругоҳи обии Нағлу, мушкили барқи Кобул комилан ҳал хоҳад шуд.
Ширкати миллии барқи Афғонистон қаблан эълом кард буд. ки 35 дарсад аз мардуми Афғонистон ба барқ дастрасӣ дошта, ҳудуди 75 дарсади барқи масрафии Афғонистон низ воридотӣ аст.