Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) аз 8 то 12 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳамкории системаҳои миллии таълимии кишварҳои Иттиҳод ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ”-ро баргузор менамояд. Дар ин бора аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ бо олимону коршиносони хориҷӣ яке аз самтҳои зарурии густариши робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, омӯзишу истифодаи таҷрибаи пешрафта, дар рушди иқтисоди миллӣ нақши вижа дошта метавонад.
Бо истифода аз донишу таҷрибаи пешрафтаи илмии ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва ҳамкории муштарак бо пажуҳишгоҳҳои кишварҳои хориҷа бо истифода аз ин фурсатҳо метавонем, дастовардҳои илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад, дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Маврид ба зикри хос аст, ки соли дуюм аст Кумита дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) дар мавзӯи мазкур ҳамоишу мактаби илмии байналмилалиро баргузор менамояд, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ мебошад.