Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад

11 апрели соли 2025, соати 10:00 дар толори иҷлосияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 апрели соли 2025 аз соати 09:00 то соати 17:00 ва 11 апрели соли 2025  аз соати 07:00 то 09:00 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.