Дар Душанбе Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» оғоз гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ, Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ба кори худ оғоз кард.

Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа баргузор гардид.

Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бородин Алексей Сергеевич, директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал»-ро ифтитоҳ намуда, Ксения Юрьевна Дроздова, директори генералии MOX Intersputnik, Дмитрий Ветлугин, намояндаи Eutelsat OneWeb доир ба проблемаҳои дастрасӣ ба бозорҳои системаҳои NGSO дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва Александр Гуляев, намояндаи ширкати Huawei Technologies Co., Ltd. дар мавзуи навсозӣ дар бораи вазъи ҷаҳонии басомади аз 6 ГГц боло баромад намуданд.

Дар қисмати дигари форум Бодуршозода Миралӣ Айёмбек, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансуров Бахром, намояндаи «Шаҳри ҳӯшманд», Вахан Ховсепян, намояндаи NCC RIPE, Тоир Исмоилов, намояндаи GSMA, Дмитрий Конарев, намояндаи ширкати Huawei Technologies Co., Ltd.: Нодир Турсунзода, роҳбари Ҷамъияти радиои ҳаводорони «Ҷунбиши радиои ҳаводорони Тоҷикистон», Ҳиматов Музафар Ҳикматович, раиси Ассотсиатсияи провайдерҳои интернети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои гуногуни марбут ба алоқа ва технологияи мулоҳизаронӣ карданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ин форумро барои тамоми кишварҳои иштирокдор муҳим хонда, гуфт ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки бо созмонҳои марбута ва кишварҳои дуру наздик дар бахши алоқа ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшад.

Иброз гардид дар асоси татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа баланд бардоштани суръат ва сифати алоқаи барқӣ дар кишвар, таъмини пӯшиши радиоии муносиб дар тамоми қаламрави мамлакат, ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ намудани соҳаи алоқа, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим аст.