“Ҷумҳурият”: Ҳусни неки ҳамсоядорӣ миёни тоҷикону қирғизҳо ба асли хеш баргашт (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҳалли баҳси марзӣ ва имзои Шартнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тиҷикистон ба Федератсияи Русия, ба фаъолият оғоз кардани даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни Наврӯз ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 март матлабе бо номи “Тоҷикистон ва Қирғизистон. Ҳусни неки ҳамсоядорӣ ба асли худ баргашт” чоп кардааст.  Муаллиф менависад, ки сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар саҳифаи нав кушод.

Зикр мешавад, ки дар доираи ин сафари пурмаҳсул ва имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ рӯзи 13-уми март гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Кайрағоч” боз гардида, сокинони ду ҷониби марз дар фазои мутантану идона ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. 

Дар ин робита Бахтовари Усмон, сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара, дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки имрӯз халқи тоҷику қирғиз шаҳди меваи саодати сулҳу дӯстиро чашиданд ва мамнуну сарбаланд ҳастанд. Вай афзуд, чи қадар  хуб аст, ки мо дубора ба сулҳу дӯстӣ расидем, албатта, инҷо талошҳои  сарварони ҳар ду давлатро бояд зикр намоем ва арҷ гузорем. Хизмати онҳо бузург аст ва инро таърих фаромӯш нахоҳад кард.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин гузориши муфассале аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия нашр кардааст. Да ин гузориш аз ҷумла зикр мешавад, ки рӯзи 17-уми март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар толори Қасри Кремл ба тариқи видеоӣ маросими оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳали сохтмони иншоот, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш дода ва санги асоси ин иншоот гузошта шуд.

Дар ин замина зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Россия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Россия таълим мегиранд. Инчунин гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни ҳамин сол дар Федератсияи Россия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки баъди анҷоми 17-уми март, пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳафт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 март мақолае бо номи “Наврӯзи деҳаи мо” менависад, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои ниёгони мо рамзи куҳанбунёдии миллати тоҷдори тоҷик аст, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Муаллиф меафзояд, ки ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат, пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва оғози рӯзи нави зиндагиву рӯзгор буда, ҷашнест миллӣ ва идест мардумӣ.

Муаллиф бо ишора ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар деҳаи зодгоҳаш менависад, лаҳзаи хеле ҳассос омадани маликаи Наврӯзу бобои деҳқон аст, ки дигар ҳама бояд сарҷамъ бошанд, ҳам паҳлавону човандоз ва ҳам кадбонуву хизматгорон. Базмгоҳ якбора гӯё ба як оилаи муваффақу муттаҳид табдил меёбад. Зану мард, пиру барно ҳама паҳлуи ҳам ва ҷое даст ба дасти ҳамдигар маликаи Наврӯзро пешвоз гирифтаву баробари бобои деҳқон даст ба дуо мебардоранд.  Дуои кушоиши кор, дуои осудагии рӯзгори мардум, дуои сиҳативу сарбаландии Сарвари меҳрубон ва дуои сарсабзии ҳамешагии Тоҷикистони бартар аз ҷон!   

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19 март мақолае бо номи “Давраи пурсамар дар корномаи касбии вакилон” чоп карда, аз фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати шашум натиҷагирӣ кардааст.

Дар ин мақола зикр мешавад, ки дар давраи сипаришуда вакилони Маҷлиси намояндагон 723 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 4 кодекс, 113 тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 58 қонуни мукаммал, 271 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 1 стратегия, ҳудуди 260 созишнома, барномаҳои давлатӣ, конвенсия, протоколу ёддоштҳо, шартнома ва аҳднома тасдиқ гардиданд.

Ба таъкиди муаллиф, бо боварӣ метавон гуфт, ки амалияи қонунҳои мазкур муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меоранд ва барои таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 19 март  бо нашри матлабе хабар дод, ки 19-уми март бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати нави вакилон иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар иҷлосия тариқи овоздиҳии пинҳонӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Файзалӣ Идизода раиси Маҷлиси намояндагон интихоб карда шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш иброз дошт, ки ба ҳайати нави парлумон олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаву сохтмон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парлумони даъвати нав 18 нафар зан интихоб шуд ва ин теъдод аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват намуд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.

Ҳафтанмоаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ, инчнуин хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз ва Иди Рамазон аз 16 то 30-уми март ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзон баргузор мешаванд, ки дар онҳо маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархи дастрас пешкаши сокинон хоҳад шуд.

Нуқтаҳои асосии фурӯши маҳсулоти арзон дар назди бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”, дар рӯ ба рӯи беморхонаи “Шифобахш” (Қарияи боло) ва даромадгоҳи боғи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир шудаанд. Дар ярмаркаҳо сокинон метавонанд гӯшт, орд, равған, биринҷ, маҳсулоти донагӣ, сабзавот ва меваҳоро бо нархи нисбатан дастрас харидорӣ кунанд. Масалан, дар нуқтаи фурӯши назди боғи Куруши Кабир 1 кг гӯшт 60 сомонӣ, картошка 4,5 сомонӣ ва себ аз 4 то 10 сомонӣ арзиш дорад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20 март хабар медиҳад, ки айни замон имрӯз дар Узбакистон бо сармояи соҳибкорони Тоҷикистон 315 ширкату корхона фаъолият мекунанд. Дар ин замина гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар сегонаи беҳтарини сармоягузорон ба иқтисоди Ҷумҳурии Узбекистон қарор гирифтааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”