Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмиллалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос ва расму оинҳои миллӣ таҷлил гардид.
Дар ин хусус ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода хабар дод. Дар саҳни бино аз ҷониби шоирону нависандагон ва кормандони Хадамоти иҷрои назди ҲҶТ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯришҳои баҳорӣ ороста шудааст. Дар чорабинии фарҳангӣ муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки Наврȳз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгон то ба имрӯз расидааст. Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии халқи тоҷик, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ гардидааст.
Ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи тоҷик бо сурудҳои наврўзӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”