Дар қисми шимолии штати Калифорнияи ИМА заминларзаи шадид рух дод. Агентии иттилоотии “Интерфакс” дар такя ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА иттилоъ медиҳад, ки зилзила рӯзона ба вуқуъ пайваста, қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 7 баллро ташкил дод. То ҳол дар бораи оқибатҳои заминларза маълумоти дақиқ дода нашудааст. Аммо, дар робита ба ин ҳолат ҳукуматдорон аҳолиро аз хатари эҳтимолии сунами ҳушдор доданд. Гуфта мешавад, ки беш аз 7 миллион нафар дар зери хатари сунамӣ қарор доранд.