Баргузории ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шурои ҳамоҳангсозӣ — роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи Шуро роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, прокуророн ва сардорони раёсатҳои ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм, терроризм ва самаранокии фаъолияти оперативӣ – ҷустучуӣ, мурофиавӣ ва профилактикӣ дар ин самт ва тафтиши пешакӣ доир ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта баррасӣ гардиданд.

Шурои ҳамоҳангсозӣ вазифаҳои навбатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатиро оид ба тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор кабул намуд.