“Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи ҳуқуқи инсон мизи мудаввар дар мавзуи “Инсон-ҳуқуқ ва арзишҳои ӯ”

Санаи 5-уми декабр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи ҳуқуқи инсон мизи мудаввар дар мавзуи “Инсон-ҳуқуқ ва арзишҳои ӯ” баргузор гардид.

Тавре сомонаи ин иҳод хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур намояндагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён дар мавзуҳои мухталиф баромад намуданд ва қайд гардид, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Инчунин дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишӣ олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф ва риоя мекунад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст ва дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.