Имрӯз дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе конфронси минтақавии коршиносон дар мавзӯи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» доир гардид.
Тавре ҳамкорамон Муҷиддини Сайфиддин аз рафти баргузории он иттилоъ дод,
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон (UNODC) дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавии коршиносонро баргузор намуд.
Чорбинӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, инчунин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.
Дар кори Конфронс намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Точикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин коршиносони байналмилалии самти муқовимат ба коррупсия ширкат варзида, дар рафти он байни иштирокчиён вобаста ба поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии санҷиши поктинатии хизматчиёни давлатӣ ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои минтақа дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки хизматчии давлатӣ бояд бо рафтору кирдори худ наҷибият, поктинатӣ ва адолатро таҷассум намояд ва омили муҳими фаъолияти бомуваффақияти хизматчии давлатӣ ин поквиҷдонӣ ва пешгирии истифодаи манфиатҳои шахсӣ дар фаъолияти меҳнатӣ мебошад.
Хизматчии давлатӣ ҳамчун субъекти асосии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ҳангоми фаъолияти хизматӣ бевосита ба ин падида дучор мешавад. Аз ин лиҳоз, ташаккули принсипи поктинатии хизматчии давлатӣ механизми асосии ташаккул ва фаъолияти дурусти хизмати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он одоб ва фарҳанги баланди муошират, инчунин таҳаммулпазирӣ нисбат ба коррупсия ҳамчун шарти муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дӯстиву эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба боварии комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва муқовимати беамон бар зидди коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.