Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 8 октябри соли 2024, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминларза дар 287 километри ҷанубу шарқ шаҳри Душанбе ва 30 километри шимолу шарқи шаҳри Хоруғ будааст.
Бино ба иттилои манбаъа қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза ягон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.