Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи “King’s Cup” вориди шаҳри Сонгкхлаи Таиланд шуд.
50-умин мусобиқаи “King’s Cup” аз 11-ум то 14-уми октябр дар Таиланд баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаб иштирок мекунанд. Ба ғайр аз Тоҷикистону Таиланд боз мунтахабҳои Сурия ва Филиппин дар мусобиқа иштирок мекунанд.
Барои иштирок дар мусобиқаи мазкур сармураббии ҷурҷии Тоҷикистон – Гела Шекиладзе ба ҳайати даста, 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон санаи 11-уми октябр бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва дастаҳои шикаст хӯрда, дар рақобат барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа 14 октябр доир мешаванд.
Тартиби бозиҳои даври ниманиҳоӣ
11 октябр – Ҷумъа
Сурия – Тоҷикистон – соати 16:30
Таиланд – Филиппин – соати 20:00
14 октябр – Душанбе
Бозӣ барои ҷойи 3-юм – соати 16:30
Бозии Финалӣ – соати 16:30
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи Тинсуланонда, шаҳри Сонгкхлаи Таиланд баргузор мегардад!
Рустам Зоиров
радиои “Тоҷикистон”