4 октябри соли равон дар ҳошияи ҳафтаи байналмилалии сохтмон дар шаҳри Екатеринбург, мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзулин баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Дар ин хусус Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар додааст.
Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе барои 500 ҷойи нишаст ва бо имконияти истиқоматии то 300 хонанда дар тамоми сол пешбинӣ гардидааст.
Дар вохӯрӣ Ирек Файзулин изҳор дошт, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сохтмон тақвият меёбад, ки барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ мегардад. «Яке аз бахшҳои ҳамкории мо, табодули таҷриба, баланд бардоштани касбияти мутахассисон ва таълим додани донишҷӯён дар донишгоҳҳои олӣ мебошад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба бинокорон имконият дода шавад, ки малака ва маҳорати худро дар амал нишон диҳанд»,-афзуд ӯ.
Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия дастаи Тоҷикистонро даъват намуд, ки соли оянда на танҳо дар қисми конгресс, балки дар қисми рақобатии чемпионати байналмилалии сохтмон низ иштирок кунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо кӯшиши якҷояи маҷмааҳои сохтмонии давлатҳо як қатор лоиҳаҳо, ба монанди сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории соҳавӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар бахши сохтмон, ки соли гузашта дар доираи чемпионати байналмилалии сохтмон имзо шуда буд, амалӣ карда мешавад.
Ёддошти тафоҳум масъалаҳои табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, нархгузорӣ ва ба меъёрдарории харҷномавӣ дар сохтмони иншооти асосӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи назорати давлатӣ ва экспертизаи давлатиро дар бар мегирад.