Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки то соли 2050 дар ҷаҳон беш аз панҷ миллиард нафар ба норасоии об дучор хоҳанд шуд. Ҳоло беш аз 2 милиард нафар аз норасии оби нӯшокӣ азият мекашанд.
Ба андешаи коршиносон мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ бо афзоиш ёфтани аҳолӣ ва гармшавии глобалӣ шадидтар мешавад. Тавре расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд, дар давоми чанд соли охир бинобар гармии ҳаво дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон оби кулу дарёҳо хушк гардидааст. Аз ҷумла давоми се соли охир сокинони минтақаи Пиренейи Фаронса аз хушксолии шадид ранҷ мекашанд.
Дар робита ба ин мушкилӣ, ҳукуматдорони маҳаллӣ тасими гирифтаанд, ки дар таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ маҳдудият ҷорӣ намоянд. Ҳамин тариқ, то соли 2030 дар Фаронса истифодаи об дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ то 10 дарсад коҳиш дода мешавад. Дар ИМА бошад, ҷамъоварии оби борон дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шуда, ҳаҷми он ба таври қатъӣ назорат мегардад.
Дар Ҷумҳурии мардумии Чин низ сеяки оби истифодашуда коркард гардида, аз нав истифода мешавад. Тавре агентии иттилоотии Синхуа хабар медиҳад, соли гузашта дар ин кишвар як миллиарду дусад ҳазор метри мукааб оби борон полонда шудааст.