Дастаи мунтахаб Бразилия пас аз 12 сол дигарбора қаҳрамони ҷаҳон оид ба Футзал гардид

Ин 6-умин қаҳрамонӣ барои бразилиҳо буд. Ҷоми ҷаҳон – 2024 оид ба Футзал, ки дар ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон ҷараён дошт ба охир расид.

Дар финали мусобиқа ду дастаи Амрикои Ҷанубӣ – мунтахабҳои Аргентина ва Бразилия бо ҳам, баҳри ба даст овардани ҷом мубориза бурданд. Дар ин рақобат бразилиҳо бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз гардиданд ва маротибаи 6-ум қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.

Ин рекорди мусобиқа мебошад, чун то ҳол ба мунтахаби дигаре муяссар нашудааст, то 6 маротиба қаҳрамон гардад.

Қаблан Бразилия дар солҳои 1989, 1992, 1996, 2008 ва 2012 низ қаҳрамон гардида буд.
Ҳамчунин рӯзи гузашта дастаҳои мунтахаби Украина ва Фаронса барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқа байни ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби калони 7 бар 1 ба нафъи украиниҳо ба охир расид.

       Рустами Зоир, 
   радиои “Тоҷикистон”