Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи чампионҳои Осиё – 2, шоми гузашта дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳӣ, дар чаҳоргонаи “А” бо дастаи “Ал-Вақра”-и Қатар дидор анҷом дода, бо як голи беҷавоб шикаст хӯрд.
Ягона голи дидорро Желсон Дала ҳамлагари “Ал-Вақра” дар дақиқаи 45-ум ба самар расонид.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Трактор-Созӣ”-и Эрон ва “Моҳун Боган”-и Эрон, ки мебоист дар шаҳри Табрези Эрон доир гардад, ба вақти дигар гузаронида шуд.
Дар бозии якуми гурӯҳи “А”, “Равшан” дар сафар бо “Моҳун Боган”-и Ҳиндустон 0 бар 0 мусовӣ карда, “Ал-Вақра” аз “Трактор-Созӣ”-и Эрон шикаст хӯрда буд.
Ба ҳамин тартиб пас аз ду давр дастаи “Трактор-Созӣ” ва “Ал-Вақра” бо 3-имтиёзӣ дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “Моҳун Боган” ва “Равшан” бошад 1-имтиёзӣ дошта, дар мавқеъҳои 3-юму 4-ум ҷой гирифтаанд.