Телевизиони Тоҷикистон бо номи Студияи Душанбе 3 октябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе бори нахуст ба фаъолият оғоз кард. Аввалин наттоқони он Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева буданд. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо як қадами бузург дар рушди фарҳангии кишвар, балки оғози давраи нави расонаии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо пайдоиши телевизион, ҷомеаи тоҷик бо василаи пурқудрате барои паҳн кардани иттилоот ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ шинос гардид.
Таъсири телевизион ба афкори мардум
Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ, телевизиони Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии иттилоот ва тафреҳ мардумро ба худ ҷалб намуд. Мардум, ки қаблан бештар аз радио ва нашрияҳои чопӣ иттилоот мегирифтанд, ҳоло бо кӯмаки телевизион тавонистанд рӯйдодҳоро бевосита бо чашмони худ бинанд. Ахбори телевизионӣ, барномаҳои таҳлиливу фарҳангӣ ва намоишҳои гуногун ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсири бузург расониданд.
Телевизион ба равшан шудани фаҳмиши мардум дар масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ кӯмак намуд. Хусусан, барномаҳои таҳлилии он ба мардум фаҳмонданд, ки чӣ гуна рӯйдодҳо ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд. Он вақт аввалин журналистони телевизион, аз ҷумла Латиф Хоҷаев, бо ҳунари худ тавонистанд барномаҳои ҷолиб ва фарогирро ба мардум пешкаш кунанд. Латиф Хоҷаев яке аз аввалин журналистони телевизион буд, ки бо забон ва услуби хосаш мардумро ба телевизион ҷалб кард.
Рушди телевизион дар Тоҷикистон
Дар тӯли солҳои баъдӣ, телевизиони Тоҷикистон тавонист густариш ёбад ва ба як шабакаи калон ва муассири иттилоотӣ табдил ёбад. Дар солҳои 90-ум, пас аз ба даст овардани Истиқлоли Тоҷикистон, телевизионҳо бо барномаҳои нави сиёсӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, ки бо вазъияти нави сиёсӣ мувофиқ буданд, ба фаъолият идома доданд. Ҳоло дар Тоҷикистон якчанд шабакаи телевизионӣ фаъолият мекунад, аз ҷумла Телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо, Бахористон, Варзиш, Тв Сайёҳӣ, Синамо, Илм ва табиат ва даҳҳои дигар. Ҳар яке аз ин шабакаҳо барои категорияҳои гуногуни аҳолӣ барномаҳои махсуси худро пешниҳод мекунанд.
Барномаҳои фарҳангии телевизион, ки мусиқӣ, театр ва филмҳои миллиро фаро мегиранд, барои ҳифзи мероси миллӣ ва ташаккули фарҳангии мардум нақши муҳим доранд. Шабакаҳои телевизионӣ дар ташаккули ҳисси худшиносӣ, ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллии тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд.
Бо кӯшиши зиёди журналистони телевизион ва дастгирии давлат, рушди телевизион дар Тоҷикистон идома дорад. Барномаҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш бо истифодаи технологияҳои нав сохта мешаванд, ки сифати пахши онҳо беҳтар мегардад. Журналистони телевизион, аз ҷумла шахсиятҳои маъруф мисли Маъруф Бобоҷонов ва Саъдулло Роҳатов, бо кордонӣ ва истеъдоди худ саҳми бузурге дар пешрафти телевизиони миллӣ доранд.
Пайдоиши телевизион дар Тоҷикистон як давраи муҳим дар таърихи кишвар буд, ки ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва рушди фарҳангӣ таъсири амиқ расонид.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, журналистони телевизионро бо рӯзи касбиашон табрик гуфта, ба онҳо муваффақиятҳои нав ва эҷодҳои арзандаро таманно менамоем!
Рӯзи телевизиони тоҷик муборак!
Қаландар Норов,
радиои “Тоҷикистон”