Имсол мардуми Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоянд.
Ин нукта, ки забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб мешавад, ҷойи шубҳа надорад. Аз ин аст, ки ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад. Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст.
Дар робита ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд.
Гузашта аз ин, Сарвари давлат 32 сол муқаддам, яъне аз рӯзҳои аввали Роҳбари Тоҷикистон интихоб шуданашон забони тоҷикиро дар паноҳи давлати миллии тоҷикон ва давлати миллиро дар паноҳи забони тоҷикӣ эълон доштанд ва то ба имрӯз ин сиёсатро, ки ҳамсадои дили аксари мутлақи мардуми ин сарзамин аст, собитқадамона амалӣ менамоянд.
Хизматҳои Пешвои миллат на танҳо дар мавриди тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ, инчунин дар роҳи тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ хеле бузург мебошанд. Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон- дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуниданд. Хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.
Доир ба нақши забон дар зиндагии инсонҳо Президенти Тоҷикистон баён намуданд, ки «забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад».
Мусаллам аст, ки забон воситаи муҳимтарини ифодаи фикр ва робитаи байни инсонҳо буда, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз бомдоди зуҳури башар муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани равшантар, қудрат ва тавонмандии забон нишонаи иқтидори як миллат аст. Андеша, аз ҷумла, андешаи миллӣ забон ва мутаносибан, забон андешаи миллиро неруманд месозанд. Заъфи яке аз ин ду падида ё боиси зуҳури зарфияти маҳдуди фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар баданаҳои иҷтимоӣ мегардад ва миллатро ба мушкилоти зиёди моддию маънавӣ дучор месозад. Аз ин ҷост, ки баробарӣ ва таодули ин ду падида тавозунро дар муносиботи иҷтимоӣ нигоҳ медорад ва роҳи бурузи буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, илмӣ ва фарҳангиро мебандад. Бо таваҷҷуҳ ба ин иқтидори забон ва андеша иқтидори миллат ва давлат талаққӣ мешавад ва агар дар пушти забон ақлу дониш бошад, он забон оянда ва тавонмандии муаррифии боистаю шоистаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ дошта метавонад.
Саҳифаҳои таърихи миллӣ нишони он ҳастанд, ки забон ҳамчун унсури ҳувиятию сиёсӣ дар сохтмони андешаи миллӣ ва бунёди давлатдории бумӣ нақши калидӣ доштааст.
Аслан назари мухтасар ба решаи калимаи «тоҷик» ба сифати этноними таърихӣ нишон медиҳад, ки мафҳумҳои «халқ» ё «миллати тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» бо ҳам пайванди қавӣ ва иртиботи ногусастанӣ дошта, ин ҳарду мафҳум решаву поя дар қаъри садсолаҳои пешин доранд.
Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки забон, фарҳанг ва таърихи миллат бунёдитарин омилҳои мавҷудияти миллат буда, ба ташаккулу таҳаввули тамоми ҷабҳаҳои ҳастии он заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Рушди устувори ҷомеа дар заминаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ бе арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имконнопазир аст.
Дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои милливу таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми ҷумҳурӣ ҳамвора саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеӣ аст, зеро дар ҷумҳурии мо танҳо ҳамин забон метавонад барои ҳамоҳангиву иттиҳоди миллат ҳамчун омили таъсиргузор маҳз бо ҳамин ном, яъне забони тоҷикӣ хизмати бештаре кунад.
Маънои вожаи «тоҷик», ки аз ҷониби аксар муҳаққиқон ва донишмандон пазируфта шудааст, бо вожаи «тоҷ» иртибот доштани он, яъне ба маънии тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷ маънӣ шудани вожаи тоҷик аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар бобати маънои калимаи «тоҷик» дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин изҳори назар намудаанд: «Маънои калимаи «тоҷик», чунонки медонем, мардуми тоҷдор, наҷибу озода ва озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ҳамчун муродифи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази вожаи ориёӣ омадааст».
Бинобар ин, мо бояд ин маъноро, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, ҳамчун аксиома қабул намоем ва аз ин рӯ бояд ба эътибор гирифт, ки мафҳуми «забони тоҷикӣ» ба маънии забони қисмате аз мардуми ориёитабор аст.
Мардуми тоҷик ё ба қавли устод Айнӣ «қавми муаззам» ё «қавми бузург»-и тоҷик аз ибтидои ташаккул ба сифати этнос бо озодагию сарфарозӣ ва далерию шуҷоати худ ном бароварда буд, ки байти зерини Амир Хусрави Деҳлавӣ ин гуфтаро бори дигар тасдиқ мекунад:
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештарӣ найзавару теғзан.
Мафҳуми «забони тоҷикӣ» низ дар робита ба вожаи «тоҷик» собиқаи бисёр деринаи таърихӣ дорад.
Боиси таассуф аст, ки солҳои охир ба таври мунтазам ва барномавӣ на фақат аз тарафи баъзе неруҳои тафриқаангези бурунмарзӣ, балки ҳатто, аз сӯйи иддае аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ, ки ба таври огоҳона бо арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ҷанги сард эълон кардаанд, ҳуҷумҳои паёпайи ғоявӣ доир мешаванд.
Ин ҳуҷуми ғоявӣ, ки бо корбурди шеваҳои мухталиф ба роҳ монда мешавад, ҳадафи тасхири ҷабҳаҳои арзишӣ ва муқаддасоти ҷомеаи моро дорад. Масалан, чанд сол аст, ки дар байни мардум шӯру овоза паҳн карда мешавад, ки гӯё гузоштани номи миллӣ ба фарзандон амри носавоб аст. Таҳти таъсири ин гуна талқинҳо муддати дароз дар ҷомеаи мо на фақат гузоштани номҳои миллӣ ба навзодон коҳиш ёфт, балки ҳатто баъзе бузургсолон номҳои миллии худро бо номҳои арабиву ибрӣ иваз намуданд. Ин гуна амалро набояд амри тасодуфӣ пиндошт ва бо он нашояд муносибати бетарафона дошт. Чунин аъмол, бешубҳа, аз ҷониби таблиғгарони он ҳадафмандона ва ғаразмандона ба амал меоянд. Яке аз асоситарин ҳадафҳои ин гуна аъмоли номатлуб коҳиш додани эътимоди мардум ба арзишҳои миллӣ ва суст кардани суръати ташаккули ҳувияти миллӣ аст.
Нахустин шоироне, ки бо ин забони тоҷикӣ шеър гуфтаанд, маҳз, аз қисмати шарқии Ориёно зуҳур кардаанд. Абуҳафси Суғдӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқии Самарқандӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо шоирони дигари шарқи Ориёно аз зумраи аввалин шоироне ҳастанд, ки ба ин забон ашъори баландпоя ва мондагор эҷод кардаанд.
Аксари донишмандон ва муҳаққиқоне, ки доир ба ташаккул ва таҳаввули забонҳои қавмҳои ориёиасл таҳқиқоту пажуҳиш анҷом додаанд, бар он назаранд, ки раванди пайдоиш ва густариши забони тоҷикӣ на баъди истилои араб, балки пеш аз аз он шуруъ шудааст.
На танҳо аз ибтидои асри XIX корбурди вожаи «тоҷикӣ» ҳамчун номи забони модарии мо дар баъзе аз тазкираҳо ва маъхазҳои таърихӣ дучор мешавад, балки чӣ тавре дар боло ишора намудем, дар маҷмуаи Турфон бо шумораи 339М, ки дар Олмон нигоҳдорӣ мешавад, он бо номи «пар тожигона овок», яъне «ба забони тожикӣ» оғоз мешавад (Ниг.: Доварӣ Ғулом Ҷелонӣ. Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тозик» бар мабнои осори кашфшуда. Интишороти Бомиён, 2015., С.69.) ва ин худ далели муътамаде аст, ки мафҳуми забони тоҷикӣ баробар бо пайдоиши вожаи «тоҷик» арзи ҳастӣ намудааст.
Феълан, имрӯз мо на танҳо бо тақозои авзои замониву маконӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва бахусус манофеи миллӣ, балки дар асоси пажуҳишҳои илмии муҳаққиқони дохилию хориҷӣ нисбат ба забони миллии худ мафҳуми давоми асрҳо таҳаввулёфтаи «забони тоҷикӣ»-ро корбаст менамоем.
Дар шароити кунунии таърихӣ бурди мо ва тамоми мардуми ориётабор ин аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда муваффақ шудем, ки дар гӯшае аз ҷуғрофияи густурдаи Ориёвиҷи таърихии аз ҳам фурӯпошида давлати миллие бо номи Тоҷикистон таъсис намоем. Мавҷудияти давлати миллӣ ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки забони миллие бо номи забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллие бо унвони ҳувияти тоҷикӣ дошта бошем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани худ ба асари аз нигоҳи илмӣ ва таҳқиқотӣ беназирашон «Чеҳраҳои мондагор» таъкид менамоянд, ки «эҳтиром гузоштан ба таърихи гузашта барои мо ҳаргиз маънои таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамонро дар тамаддуни башарӣ ё кӯшиши ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад. Мо бо таҳқиқу омӯзиши таърихи миллат ва арзишҳои фарҳанги қадимаи халқамон мехоҳем, ки раванди ҳамгироиро бо мамлакатҳои тараққикардаи олам густариш диҳем ва дар айни замон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллии худ пайвандем».
Бинобар ин бояд гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.
Президенти Тоҷикистон пайваста бар он пофишорӣ менамоянд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё намуд. Аз тарафи дигар, забони миллӣ (забони тоҷикӣ) ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари ҷумҳурӣ таъмин месозад. Аз ин ҷост, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, дар таҳкиму суботи давлати миллӣ нақши асосӣ дорад. Барҳақ, Пешвои миллат «забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат» эълом карда, аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзида, ин унсури ҳувиятсозиро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ намоянд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.
Дар ниҳоят, Пешвои миллат аз дониш, таҷриба, масъулият ва ҷасорати фавқулодаи сиёсӣ истифода намуда, дар хизмату пуштибонии забони давлатӣ қарор доранд ва забони мо ҳам дар симои ин роҳбари фараҳманди миллӣ ҳомии аслии худро пайдо кардааст. Ба ин маънӣ, он чи ки Сарвари давлат давоми фаъолияти раҳбарӣ дар самти сиёсати забонӣ анҷом додаву медиҳанд, байни мардуми шарифи Тоҷикистон ва доираҳои сиёсию мадании миллию фаромиллӣ ба сифати ҳимоятгару пуштибони забони давлатӣ, эҳёгари таъриху ойину суннатҳои миллӣ, бунёдкори имрӯз ва раҳнамои фардои миллат маҳбубияти хосса мебахшанд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академик
Бознашр АМИТ «Ховар»