Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” рӯнамоии тарҷумаи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” бо забони куриёӣ доир гардид. Дар маросим намояндагону мутахасисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Муҳаммаддовуд Саломиён ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки асари Президенти кишварамон мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” арзиши бузурги илмию сиёсӣ ва тарбиявӣ дошта, то имрӯз ба чор забони хориҷӣ тарҷума гардидааст ва тарҷумаи нави он бо забони куриёӣ, беҳтарин василаи муъаррифии таърих ва фарҳанги миллати тоҷик барои мардуми куриё мебошад.
Бояд гуфт, ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” аз ҷониби раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо Кишварҳои Осиёи Марказӣ Ли Ок – рён тарҷума карда шудааст. Ӯ дар чорабинӣ изҳор намуд, ки тарҷумаи китоби мазкур бо забони куроӣ 11 моҳ давом карда, бо дастрии ҶСК “Ориёнбонк” ба нашр расонида шуд. Ли Ок – рён ҳамчунин иброз намуд, ки дар давоми тарҷума кардани китоб бо таърих тамаддун ва фарҳанги тоҷикон аз наздик ошно гаштааст ва имрӯз бениҳоят хурсан аст, ки натиҷаи заҳматҳои худро мебинад.
Дар идомаи чорабини аз ҷониби раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо Кишварҳои Осиёи Марказӣ Ли Ок – Рён тарҷумаи китоби “”Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба Муҳаммаддовуд Саломиён ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки чопи ин китоб ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвар Тоҷикистон ва Корея заминаи мусоид мегузорад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”