Аз 3-5 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор шуда истодааст.
Дар он варзишгарон аз кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Беларус, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Мусобиқа аз 4 навъи шиноварӣ роҳандозӣ шудааст. Брасс, батерфляй, озод ва пуштнокӣ.
Рузи аввали мусобиқа барои варзишгарони мо бо 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба итмом расид ва давоми рӯзҳои дигар интизор меравад, ки варзишгарони мо боз натиҷаҳои хубтар нишон бидиҳанд.
Некруз Сатторов, радиои “Тоҷикистон”