Имрӯз дар саҳни МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи “Дарҳои боз” бахшида ба рӯзи китоб ва намоиш-фурӯши китоб доир гардид. Дар чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои кишвар, хабарнигорони ВАО, донишҷӯёну муҳасиллини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва берун аз он иштирок намуданд.
Сараввал Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории Рӯзи “Дарҳои боз” ин нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик буда, ба ин васила инъикоси Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи соҳибмаҳзан, дорои фонди бою ғанӣ ва соҳибкитобиву соҳибдавлатии миллати куҳанбунёдамон мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «Бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил карда шавад».
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”