Имрӯз аз таъсисёбии “Телевизиони Баҳористон” 18 сол сипарӣ шуд. Бо таъсиси ин шабакаи телевизионӣ дар низоми ВАО-и кишвар таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд омад. “Телевизиони Баҳористон” ягона телевизион дар кишвар аст, ки махсус барои кӯдакон ва наврасон ихтисос дода шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябри соли 2006 дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» иштирок намуда, бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ фаъолияти ин шабакаи телевизиониро оғоз бахшиданд.
Ҳоло ТВ “Баҳористон” дар баробари анҷом додани рисолати худ-таълиму тарбияи насли наврас ва фароғат бахшидан, дар омода намудани кадрҳои соҳа низ нақши муассир дорад. Таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин шабака пайваста эҳсос гардида, боиси дилгармии аҳли кормандони ин даргоҳ ба касбу кори худ шудааст.
Имрӯз дар “Телевизиони Баҳористон” 4 идораи эҷодӣ, 6 -шуъба ва 7- бахш амал мекунад. Пахши ҳамарӯзаи барномаҳо мутобиқи нақшаи тасдиқшуда сурат гирифта, мувофиқи пешниҳоди идораҳои эҷодӣ ҳар семоҳа ва нимсола тағйир меёбад. Намоишҳои шабака аз соати 7.00 оғоз гардида, то соати 22.00 давом мекунад. Барномаҳо асосан бо забони давлатӣ таҳия шуда, бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ мавод пахш мегардад.
Фазои пахши намоишҳо дар қаламрави кишвар ба 88, 01 фоиз мерасад. Яке аз роҳҳои ҷалби тамошобинон ба шабака истифодаи техника ва технологияи муосир мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» дар натиҷаи мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ба меъёрҳои муосири телевизионӣ мутобиқ гардонидан, баъд аз 12 соли фаъолият ба пахши дақиқияташ баланд, яъне формати HD гузашт.
PS: Раҳбарият ва ҳайати эҷодии Радиои Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии “Телевизиони Баҳористон” ба ҳамаи кормандонамон аз ин шабака табрик арз намуда, хоҳони муваффақиятҳои бештари эҷодӣ мебошанд.