3 сентябри соли 2024 дар доираи баргузории бизнес–форуми доираҳои кории Тоҷикистону Тотористон, ки дар ҳошияи Конференсияи минтақавии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия баргузор мегардад, ҳайати Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон таҳти роҳбарии муовини вазир Тазетдинова Клара Алексеевна ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.
Ба иттилои сомонаи Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вазорат мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо муовини вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон ва ҳайати ҳамроҳон баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои ҳосилгардида миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон ҷаноби Рустам Минниханов дар самтҳои марбут ба фаъолиятҳои вазорат ибрози назар карданд.
Қайд гардидааст, ки ҳамкорӣ байни вазорат ва Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон пас аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тотористон аз 2 майи соли 2019 ба роҳ монда шудааст. Моҳи марти соли 2024 дар доираи Форуми XV Байналмилалии иқтисодии “KazanForum” Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин Ёддошти тафоҳум барои ҳар ду ҷониб аҳамияти муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои байни ду кишвар тавассути табодули таҷриба оид ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти тамоюлҳои умумии рушди бозори меҳнат, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон, ҳамкорӣ бо корфармоён бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду кишвар равона шудааст.
Бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти мазкур ҷонибҳо лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуданд, ки онро вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон тасдиқ намуда, имрӯз аз ҷониби директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Минбаъд ҷонибҳо дар доираи ин Нақшаи чорабиниҳо таҷриба ва иттилоотро оид ба барномаҳои омӯзишӣ барои шаҳрвандони бекор, ҳамкории самаранок бо корфармоён, рушд ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мубодила мекунанд, семинарҳои дуҷониба, барномаҳои омӯзишӣ оид ба бозори меҳнат, роҳнамоии касбӣ, барқарорсозии касбӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ташкил мекунанд ва дар сатҳи роҳбарикунанда мунтазам вохӯриҳо мегузаронанд.
Зикр карда шуд, ки татбиқи ин санад ба муносибатҳои дуҷонибаи вазоратҳо, аз ҷумла дар самти ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ такони хуб мебахшад. Бояд қайд кард, ки вазорат аз моҳи марти соли 2022 бо ҷамъияти саҳомии “Минтақаи махсуси иқтисодии намуди саноатӣ-истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон” (ОАО” Алабуга”) ҳамкорӣ намуда, бо тартиби муқарраргардида як қатор вохӯриҳо доир намуд, ки дар ҷараёни он барномаҳои таълимии “Alabuga Polytechnic” ва “Alabuga Service and Hospitality” пешниҳод гардиданд.
Айни замон, МД “Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа” бо Алабуга дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2024 ба имзо расидааст, ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳайати Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон нимаи дуюми рӯзи 4 август ба шаҳри Бохтар сафар намуда, ба фаъолияти Маркази омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ шинос шуданд.
Ба ҳайати меҳмонон рӯнамоҳо оид ба фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, рушди малакаҳо ва таълими калонсолон вобаста ба омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод карда шуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сафарбаркунии муташаккилонаи қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Тотористонро баррасӣ намуда, ҷиҳати бастани шартномаҳо байни корфармоҳои Тотористон ва марказҳои болозикр оид ба омода намудани мутахассисон ба мувофиқа расиданд.