Дар заминаи таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгириву ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бо ташаббуси Вазорати мудофиаи мамлакат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузории чорабиниҳо оид ба сайру саёҳат ва истироҳату фароғати сарбозони ятими кулл ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон чунин як чорабинӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ташкилу гузаронида шуд.
Рӯзи аввали чорабинии мазкур бо ташкилу баргузории Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Артиши миллӣ-ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва дигар намояндагони аҳли зиё иштирок намуда, дар робита ба мавзӯи баррасигардида, маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Иштирокчиён қайд карданд, ки мавҷудияти ҳеҷ як кишварро бидуни Артиши миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазфиаҳои муҳиму асосии давлат таъсиси Артиши миллӣ ба ҳисоб мерафт. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агарчӣ Артиши миллии моро дар ҷойи холӣ ва бидуни ҳеҷ як заминаи воқеӣ таъсис дода бошанд ҳам, вале он имруз дар тӯли солҳои мавҷудияти хеш ба як сипари воқеии истиқлолу озодии кишвар табдил ёфтааст.
Дар идомаи конференсия иштирокдорони он, аз ҷумла афсарону сарбозон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ҷавонон ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ филми мустанади “Марди роҳ”, ки бозгӯкунандаи корномаи беназири Пешвои миллат дар раванди барқарории сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамошо намуданд.
Ҳамин тавр, пас аз анҷоми кори конференсия ва тамошои филми мазкур бо бардошт ва таассуроти амиқ сарбозон роҳ пеш гирифтанд ба шаҳри Гулистон, соҳили “Баҳри Тоҷик”.
Дар даромадгоҳи шаҳр роҳбарияти мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон меҳмонони ифтихориро, ки сарбозони ятими кулли қисму воҳидҳои ҳарбии ҳудуди гарнзони Суғд буданд, бо самимият ва меҳрубонии хос пешвоз гирифтанд.
Тамошои гӯшаҳои зебои Ватан ва мавзеъҳои таърихии он барои сарбозон лаҳзаи ҷолиб дар ҳаёти ҷавонашон арзёбӣ гардида, барои онҳо хотирмон аз он буд, ки бо ҳамхизматони хеш ба сайри таърихӣ омодаанд. Онҳо дар мавзеъҳои таърихиву истироҳатӣ, на танҳо ба худ маълумот гирифтанд, балки бо ҳайати ҳамроҳон ва ҳамсафони хеш истироҳату фароғати комил намуданд.
Дар рафти ин чорабинӣ муовини вазири мудофиа генерал-майор Музаффар Раҳимзода ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин гурӯҳи сарбозони соҳибимтиёзи Артиши миллӣ сӯҳбат намуда, зимнан қайд карданд, ки Пешвои миллат ҳамеша бо хислати нодири раиятпарваронаи хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимону бепарасторон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат мебошанд. Президенти кишвар пайваста таъкид медоранд, ки ман ҳеҷ вақт ягон ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям.
Чанд тан аз сарбозон низ доир ба ғамхориҳои Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки маҳз ҳамин таваҷҷуҳу дастгириҳост, ки мо ба ҳама хоставу ҳадафҳоямон мерасему аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорем ва боре ҳам худро танҳо ҳис накардаем.
Сайри таърихии беш аз 30 нафар сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд, ки давоми ду шабонарӯз роҳандозӣ гардид, он бо ташкил намудани силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ дар мавзеъҳои таърихиву истироҳатии шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тантанаву шаҳомати хос ҷараён гирифт.
Рӯзи дигари сайру саёҳати таърихиву хотирмони ин гурӯҳи сарбозони Ватан, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат аз ҳама шароиту имкониятҳо бархурдоранду вале бо амри тақдир аз канори падару модар ва муҳаббати онҳо дуранд, дар ҳудуди ноҳяи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд идома ёфт.
Дар доираи силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва истироҳатӣ ҳамчунин сарбозони ятими кулл аз Қасри таърихии Арбоб, Боғи фарҳангию фароғатии 30-солагии Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ва дар шаҳри Хуҷанд аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва аз ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд.
Баҳри болидарӯҳӣ ва боз ҳам хотирмон доир гардидани ин чорабинии таърихӣ дар боғи мазкур байни сарбозон мусобиқаи рафиқонаи шашка ва шоҳмот гузаронида шуд, ки ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки имрӯзҳо ҳифзу ҳимояи марзу буми онро бар уҳда доранд, аз таърихи пурғановати гузаштаи хеш, урфу одатҳои аҷдодӣ, анъанаҳои миллӣ, ёдгориҳои беназири таърихӣ, адабиёту фарҳанги миллӣ ва дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат шинос гардиданд.
Дар робита ба чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳо бояд қайд кард, ки раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад. Гузаштагони соҳибфарҳанги мо дар осори пурғановати худ дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро аз ҷумлаи рисолатҳои ҷавонмардӣ шумурдаанд.
Дар воқеъ, давоми ду шабонарӯзе, ки сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд меҳмони ифтихории чанде аз шаҳру ноҳияҳои ин вилоят буданд, баҳри болидарӯҳиву табъи хуши онҳо аз ҷониби ташкилкунандагони ҳамоиш ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша дастгирву ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешуд, ки воқеан чунин амали хайру накӯ шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Боқӣ ШАРИФӢ,