Бозиҳои даври 14-уми Лигаи олии Тоҷикистон, санаи 16-уми август бо дидор миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» оғоз гардида, бо вохӯрии марказии даври миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва КМВА-и Душанбе рӯзи 18-уми август ба охир расид.
Натиҷаи бозиҳои даври 14:
«Хуҷанд» 1-2 «Регар-ТадАЗ»
«Вахш» 0-1 «Барқчӣ»
«Эсхата» 3-1 «Ҳосилот»
«Истаравшан» 0-0 «Панҷшер»
«Куктош» 0-2 «Истиқлол»
«Равшан» 1-0 КМВА
Баъди 14-даври чемпионати Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 42-имтиёз пешсафи ҷадвали Лигаи олӣ буда, «Регар-ТадАЗ», ва КМВА бо 26-имтиёзӣ дар ҷойҳои 2-юму 3-юм қарор доранд.
Дастаҳои «Панҷшер» бо 10-имтиёз ва «Куктош» бо 5-имтиёз аутсайдерони мусобиқа ба шумор мераванд.
Манучеҳр Ҷалилов ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе баъди 14 давр бо задани 10 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа маҳсуб мешавад.
Рустами Зоир
радиои «Тоҷикистон»