Санаи 25 августи соли равон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, рақами АП-470 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2024, рақами 32853 (28-2) дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе «Иди тарбуз ва харбузаву каду» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Тавре Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, дар чорабинии мазкур кишоварзон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дастовардҳои соҳа, аз ҷумла, навъҳои гуногуни тарбуз, харбузаву кадуро ба намоиш мегузоранд.
«Иди тарбуз ва харбузаву каду» бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад.
Дар назар аст, ки дар ин рӯз намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносии кишоварзон дар назар аст.