22-23 августи соли 2024 бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷаи мамлакат хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.
Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд.
Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Дар барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Расулзода пешбинӣ шудааст.
Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд.