Идомаи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дорад. Имрӯз ҳам довталабони озмун бо таёрии ҷиддӣ омада аз рӯи панҷ наминатсия дар толорҳои алоҳида донишу малакаи худро санҷиданд.

Ёсинҷон шарифбеков хонандаи синфи 5 – уми Муассисаи давлатии таълимии Литсеи рақами 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, соли сеюм аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» иштирок мекунад. Номбурда зимни суҳбат бо мо гуфт, ки барои даври шаҳрӣ тайёрии хуб дида, аз баромади худ қаноъатманд аст  ва умедвор аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус роҳандозӣ гардид, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун, яъне хонандагони синфи 11 баъди хатми макбат ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Ҳамчунин тибқи имтиёзҳои озмун ғолибони даври чоруми озмун, ки мақоми як, ду, серо гирифтаанд ё барандаи Шоҳҷоиза шудаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати то се сол бе озмун ва тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии баъдидипломӣ қабул мешаванд.  Шукрона Бозорзода донишҷӯи курси сеюми ДДОТ ба номи С. Айнӣ буда, дар озмун аз рӯйи наминатсияи “Адабиёти классик” менамояд. Ӯ зини суҳбат ба мо гуфт, ки дар давоми се сол тавассути озмун асарҳои зиёдеро аз адибони муосирамон хонда, китобхониро ба як одати ҳаррӯзаи худ табдил додааст.

Қайд кардан зарур аст, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, рушди нерӯи маънавиёти ҷомеа низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе  15 август шуруъ гардида, то 22 идома мекунад.

Сарвинози Сайдали

радиои Тоҷикистон