Маркази миллии қонунгузорӣ 5 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳоро таҳия кардаст

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ ҷараён дорад. Тавре ҳамкорам Нуралӣ Давлат аз рафти нишаст иттилоъ медиҳад дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ кормандони Марказ 5 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳоро мавриди таҳия қарор додаанд.

Ба таъкиди масъулини марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизмҳои таҳия ва татбиқи қонунҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 243 таклиф манзур намудаанд.