Дар қаламрави ҷумҳурӣ 28649 иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба нақш гирифта шуда, ба ҳолати 1 июл соли ҷорӣ 14571 иншоот ба маблағи 5218382,6 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 31971 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 49,4 фоиз нақшаро дар бар мегирад.
Ин матлабро имруз Шарифҷон Ҷумазода раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, таъкид кард дар 7964 иншоот, ки 24,7 фоиз нақшаро ташкил медиҳад корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз шумораи умумии иншооти банақшагирифта, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1167 иншоот ба нақша гирифта шуда, 691 иншоот ба маблағи 2581827,6 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 1838 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 59,2 фоизро ташкил медиҳад ва дар 247 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”