Дар асосои Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 қабул шудааст, бо мақсади бартараф кардани норасоии кадрӣ 2170 нафар донишҷӯ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шуданд, ки ҳамаи онҳо ба ҷои кори муваққатӣ ҳозир шуданд.
Дар ин хусус Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, гуфт дар кишвар айни замон мо ба 30060 нафар омӯзгор эҳтиёҷ дорем. Тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ 4301 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2023 46 нафар кам мебошад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2023-2024 16 090 нафар донишҷӯ аз рӯи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд, ки аз онҳо 5 418 нафар аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд.
Дар мавриди сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ тазаккур дода шуд, ки дар нимсолаи аввлали соли 2024 дар муассиссҳои таҳсилоти умумӣ сифати таҳсилот 37, 9 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 94, 7 фоиз мебошад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сифати таҳсилот 4, 6 ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 4, 3 фоиз баланд мебошад.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”