Олимони Чин сирояти номаълуми занбӯруғро кашф карданд. Онҳо мақолаи худро бо натиҷаҳои тадқиқот дар маҷаллаи илмии Nature Microbiology нашр карданд. Ин сироят Rhodosporidiobolus fluvialis номида мешавад.
Ба гуфтаи олимон, он барои одамон хатарнок аст ва дар баъзе мавридҳо метавонад марговар бошад. Дар тӯли 10 сол, мутахассисон зиёда аз 27 ҳазор штамми занбӯруғҳоро аз беморон омӯхтанд. Дар байни онҳо олимон намудеро кашф карданд, ки қаблан дар одамон пайдо нашуда буд. Дар доираи таҷриба, мушҳо бо системаи иммунии заиф гирифтори патогени нав шуданд.
Тавре маълум шуд, занбӯруғ қариб дарҳол ба мутатсия шурӯъ кард, ки ин боиси марги ҳайвонот гардид. Олимон мегӯянд, ки тағирёбии иқлим микроорганизмро маҷбур мекунад, ки доираи ҷуғрофии худро мутобиқ кунад ва эҳтимоли паҳншавии онро ба одамон зиёд мекунад.