21 июл гармтарин рӯз дар таърихи мушоҳидаҳои метреологӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора агентии иттилоотии Reuters дар такя ба маълумоти хадамоти тағйирёбии иқлими Коперник хабар дод.
Тибқи иттилои расида ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ рӯзи 21 –уми июли соли равон ба 17,09 дараҷа расид, ки нисбат ба ҳолати рекордии қаблии моҳи июли соли гузашта баландтар аст. Давоми як ҳафтаи охир гармии ғайримуқаррарӣ минтақаҳои бузурги ИМАмрико, Аврупо ва Русияро фаро гирифтааст.
Ба гуфтаи иқлимшиносон, соли 2024 нисбат ба соли 2023 гармтар хоҳад шуд, зеро тағирёбии иқлим ва падидаҳои табиии марбут ба обу ҳаво, аз қабили Эл-Нино ҳарорати имсоларо боло мебарад. Тавре расонаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд, дар минтақаҳои қисми ҷанубии Аврупо гармии шадид ба қайд гирифта шуда, боиси сӯхтори ҷангалзор ва обшавии пиряхҳову обхезиҳо гардидааст. Дар Испания ва Юнон ҳарорати ҳаво аз 45 дараҷа боло аст.