Бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагон пурра иҷро кардани уҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва боҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, бо ин сабаб қарзҳо аз ин ҳисоб афзоиш ёфта, бақияи он бо назардошти солҳои гузашта 234, 4 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидаас, чунин иттилоъ дода шуд, имрӯз зимни нишасти хабарии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прократура аз ҷониби идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 46, 7 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвоги пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 6, 7 млн. сомонӣ рӯёнида шуда, боқимонда ба маблағи 40,0 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад. Инчунин гуфта шуд, ки дар мавсими обёрии соли 2024 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо истифодаи то 7, 3 млн. кВс / соат неруи барқ дар як шабонарӯз то 380 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 51 адад чоҳҳои амудӣ кор карда кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намуданд.
Дар ин бора ҳамкорамон О. Шарипова аз рафти нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.