Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 3290,7 гектар иҷро гардидааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии агентии мазкур Абдуҷаббор Юсуфзода директори Агентӣ иттиллоъ дода, гуфт аз он бунёди ҷангал майдони 1068,2 гектар, барқароркунии ҷангал майдони 1910,9 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон майдони 311,6 гектарро ташкил медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, корҳои пурракунии зичии ниҳолҳо дар майдони 592,7 гектар ва нигоҳубини ҷангал 9352 гектар гузаронида шуда, пешбурди корҳо дар ин самт идома дорад.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”