Имрӯз зимни нишасти матбуотии МИҲД- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муовини раиси ноҳияи мазкур Манижа Аминзода дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 493,8 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 176,1 млн. сомонӣ зиёд буда, 1,6 баробарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар нишасти матбуоти мавсуф иброз дошт, ки аз 104 корхонаҳои саноатии ба қайдгирифташуда дар ноҳия 17 адад ҳаҷми истеҳсолотро кам намуда, 57 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намудаанд.
Гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо дар шаш моҳи соли 2024 маблағи 2 миллиарду 836,5 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 286,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Машраб Маликов,
радиои “Тоҷикистон”