Дар шаҳри Бохтар бо маблағи 9 миллион доллар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик насби дурбинҳои мушоҳидавӣ оғоз гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
«Шаҳри бехатар» бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ гардида, маблағи мазкур барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истода, 5 лоиҳаи сармоягузории он ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ равона шудааст.
Таҷриба нишон дод, ки амалисозии «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ошкору дастгиркунии афроди ҷиноятпеша ва таъмини бехатариву амнияти шаҳрвандон мусоидат намуда, то андозае пеши роҳи бетартибиҳоро дар ҳудуди пойтахт гирифтааст.