Олимон дар моҳ ғоре пайдо карданд

Олимони  итолиёвӣ бори аввал дар Моҳ ғоре кашф карданд, ки чуқурии он на камтар аз 100 метр аст. Даромадгоҳи ғор дар сатҳи Моҳ ҷойгир буда, дар зери он деворҳои амудӣ мавҷуд аст. Ба андешаи олимон ғор чандин миллион сол пеш пайдо шудааст.

Ҳануз панҷоҳ сол пеш олимон тахмин карда буданд, ки дар моҳ чуқури вуҷуд дорад, аммо онҳо дар кадом қисмат қарор доштани ғорро ба таври мушаххас муаян накарда буданд. Ғори мазкур дар Моҳ метавонад як макони хубе барои пойгоҳи кайҳоннавардӣ бошад.

То ба ҳол ғори кашфшуда, ба таври аофӣ омухта нашудааст. Аммо, тавре агентии иттилоотии Франспресс хабар медиҳад, олимони итолиявӣ нақша доранд, ки бо истифода аз радарҳо, камераҳо ва ҳатто роботҳо таҳқиқот гузаронида, умқ ва механизми дақиқи пайдоиши ғоро муаян кунанд.