Масъалаи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи обу энергетика дар Ню -Йорк баррасӣ гардид

Ҳамкории Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи обу энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини вазир оид ба рақобатпазирӣ ва табодули таҷрибаи Девони вазирони Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулло Лутаҳ 16 июл дар Ню –Йорк баррасӣ гардид.

Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, ки мулоқот дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) баргузор гардида, мусоҳибон мавзуъҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳоро дар доираи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP) баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкории судманд дар соҳаи обу энергетика иброз доштанд.